Дар Шабакаҳои барқи ноҳияҳои зертобеи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барк» дар шаҳри Бохтар 59 ҳазору 930 симчӯби пӯсидаю фарсуда вуҷуд доранд, ки 40 адади он бо пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуданд, – гуфт Раҷабалӣ Бояков, як масъули шабакаҳои барқи мазкур.

Ӯ иттилоъ дод, ки хатҳои интиқоли барқи 0,4-6-10 кв соли 1960 сохта шудаанд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошта,  ба таҷдид ниёз доранд. Ба далели хуб набудани вазъи молиявии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар муҳлатҳои кутоҳтарин таҷдиди ХИБ-0,4-6- 10 кв ғайриимкон мебошад, гуфт ӯ.

“Сабаби дар сатҳи паст иҷро шудани корҳои таъмири асосӣ ва ҷорӣ ин аст, ки сари вақт аз рӯи нақшаҳои корӣ ҷудо нашудани молу маводи лозима аз ҷониби ниҳоди болоӣ мебошад. Аз 21 банди зимистонгузаронӣ, ки бояд мо онро иҷро кунем, 12 дарсад омода шудасту халос”- илова кард мавсуф ва гуфт, кӯшиш мекунанд, то моҳи октябр пурра ба зимистон омода шаванду сокинонро бо барқ таъмин созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь