Шаҳри Бохтар дар миқёси ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, 20-уми сентиябри соли ҷорӣ, нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро кард. Дар ин бора аз Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ҳудуди шаҳр имсол дар майдони 250 гектар кишти пахта гузаронида шуда буд. Нақшаи солонаи шаҳри Бохтар 515 тонна буда, вале онҳо, то имрӯз аз нақша зиёд яъне 517,8 тонна тиллои сафед ҷамъоворӣ намуда, ба корхонаҳои пахтақабулкунии вилоят супориданд, ки ин баробар ба 100,4 дарсади нақша мебошад.
Ҳоло дар саҳро пахта зиёд аст ва кишоварзони шаҳри Бохтар талош доранд, онро беталаф ҷамъоварї кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь