Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр, ҷавонони даъватшаванда ва модарони онҳо Рӯзи даъватшаванда баргузор гардида, дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мужда дода шуд.
Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, зимни суханрониаш ба ҳамаи ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзанд миннатдорӣ баён кард.
Раиси шаҳр ба чанде аз волидон ҷавонони даъватшаванда сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтаро дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь