Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр, ҷавонони даъватшаванда ва модарони онҳо Рӯзи даъватшаванда баргузор гардида, дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мужда дода шуд.
Шаҳрдори Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, зимни суханрониаш ба ҳамаи ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзанд миннатдорӣ баён кард.
Ҳамзамон ба 13 нафар ҷавонон шаҳодатнома дода шуд.
Пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь