Дар арафаи Рӯзи омӯзгорон раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ба аёдати ду нафар омӯзгорони собиқадор рафта, ба онҳо маводи хӯрокворӣ кӯмак карда, онҳоро ба Рӯзи омӯзгорон табрик намуд.
Раиси шаҳр ҳамчунин рамзи эҳтиром ба Назрулло Амруллоев, ки 60 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ҷома пӯшонид.
Гуфта шуд, ки ин омӯзгор 28-уми декабри соли 1936 дар ноҳияи Дарвози вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.
Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас соли 1961 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи Миллии шаҳри Душанбе супоридааст. Донишгоҳи мазкурро соли 1965 бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 1965 то соли 2004 ба ҳайси омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик дар МТМУ 6-и шаҳри Бохтар, инчунин дар ДД Бохтар дар гурӯҳҳои таърих адабиёт дарс гуфтааст. Аз 2004 то 2018 дар МТМУ 9 аз фанни алифбои ниёгон ба толибилмон дарс гуфт. Айни замон 90 сол дошта, дар нафақа аст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Ҳамзамон раиси шаҳр ба табрики Зебӣ Мараимова рафт.
Ӯ 21 уми августа соли 1961 дар шахри Кулоб дар оилаи коргар ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта ,ҳуҷҷатхояшро ба факултети забон ва адабиёти рус супорид.
Аз соли 1987фаъолияти кориашро дар вазифаи ёрдамчии мурабби оғоз кард.
Аз соли 1989 то 2010 дар вазифаи мурабби фаъолият намуда дар озмунҳои шаҳрию вилояти иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гашт.
Соли 2010 дар озмуни ҷумҳуриявии ” Мураббии сол” иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Соли 2010 то 2022 дар муассисаи томактабии раками 7-и Булбулакони шаҳри Бохтар ба хайси мушовир фаъолият намуд ва сипас ҳамчун коргузор кор кард. Айни замон ӯ 64 сол дошта соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Бохтар: Муминзод Абдулмаҷид ба аёдати омӯзгори 90 сола рафт
Блоки рекламавӣ


