Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро ба назди бинои Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» оварданд.

Аз МИМҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро бо сабаби номувофиқ будани ҷой ва дар паҳлуи он бунёд шудани марказҳои хизматрасонию маишӣ ва биноҳои баландошёна ба назди бинои Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» оварданд.

Гуфта шуд, ки ҷойи нави муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо талаботи замони муосир бунёд гардида, дар наздаш тандиси китоби «Тоҷикон» ва дигар ороишот сохта мешавад.

Муҷассамаи пешинаи Бобоҷон Ғафуров 5 метр баландӣ дошта, онро соли 2021-ум ҳайкалтарошон Қиматшо Чоршанбев ва Алиҷон Назаров сохта буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь