Муассисаҳои соҳаи маорифи маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба соли нави таҳсили 2025-2026 беш аз 90 дарсад омода шуда, рӯзҳои наздик омодагӣ пурра ба охир мерсад. Барои таъмири онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр беш аз 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Бояд гуфт,ки ҳамасола баъди фарҷоми соли хониш аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомотҳои маҳлии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва соҳибкорону шахсони саховатманд муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш омода карда мешаванд.
Дар шаҳри Бохтар ин раванд хуб ҷараён дорад,-гуфт Шоиста Абдуназарзода мудири шуъбаи моарифи шаҳри Бохтар.
Ӯ афзуд, ки таъмири дохили муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр аллакай пурра ба охир расида, рангубори берунаи онҳо рафта истодааст, ки рӯзҳои наздик ба охир мерасад.
Гуфтаҳои мудири Шуъбаи маорифи шаҳро директори муассисаи таълимии №11-и шаҳри Бохтар Раҳмонзода Гулистон ва Саодат Самадова директори Литсеи давлатии №1-и шаҳри Бохтар тасдиқ карда гуфтанд, ки алакай муассисаҳои онҳо пурра ба соли нави таҳсил омода шудаанд.
Шоиста Абдуназарзода, афзуд, ки раванди таъмир дар муассисаҳои томактабӣ низ ҷараён дошта, онҳо низ ба соли нави хониш омода мешаванд. Гуфтаҳои мудиро Мунира Юсупова мудири муассисаи томактабии №17-и шаҳри Бохтар тасдиқ карда афзуд, ки таъмири муассиса аз ҳисоби буҷети шаҳр оғоз шудааст.
Ҳамзамон Шуҳрат Бозорзода сардори Шуъбаи хазинадории Раёсати Вазорати молияи шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки имсол аз ҳисоби буҷети МИМҲД-и шаҳри Бохтар барои таъмири муассисаҳои соҳаи моарифи шаҳр 3 миллиону 146 ҳазор сомонӣ ба нақша гирфита шуда буд, ки он пурра маблағгузори карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳри Бохтар 18 мактаб ва 23 кӯдакистон аст.