Рӯзҳои 11-12 ноябри соли 2025 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар мизбони яке аз чорабиниҳои муҳими иқтисодӣ — Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мегардад.
Тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти бозорҳои содиротӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» мебошанд.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» инчунин дар мавзуи «Имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар» сӯҳбат гузаронида мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббускорони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар шаҳри Бохтар мебошанд.
Интизор меравад, ки дар доираи форум байни корхонаю ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ созишнома ва санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь