18-уми сентябри соли 2025 марди 40-солаи сокини шаҳри Бохтар дар хонааш бо марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур, ки тули ду моҳи охир зиндагонии якҷоя намуда ва доимо ба нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ машғул буданд, байнашон муноқиша сар мезанад.
Сипас марди 40-сола бо “швабра” ба сару рӯи марди 51-сола зарба зада, ӯро аз хонааш баровардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.
Блоки рекламавӣ



