Дар шаҳри Бохтар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо харҷи беш аз 240 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истиеҳсол карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бошад 117 дарсадро ташкил дод.
Мудири шӯъбаи иқтисод, савдо ва маниторинги МИМҲД-и шаҳри Бохтар Умринисо Толибова иттилоъ дод, ки дар шаҳри Бохтар 58 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз 58 корхонаи дар шаҳр буда самти фаъолияти 21 ададаш ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 22 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, 12 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 2 корхона оид ба коркарди пахта равона гардидааст.
-Аз соли 2020 то 2021-ум дар шаҳри Бохтар 13 коргоҳу корхона бо сабаби аз самти саноат ба хизматрасонӣ гузаштан, баъзе корхонаҳо бо сабаби дар бинои иҷроа фаъолият кардан ва дар ҷойи онҳо бунёд шудани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 2 корхонаи дигар бо сабаби надоштани маблағҳои гардон ва дигар омилҳо фаъолияташонро ба пурагӣ қатъ кардаанд,-илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь