Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид, намояндагони Федератсияи футболи кишвар, раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ва дигар меҳмонон ду майдончаи бозии футбол ва майдонча барои бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз Мақомоти иҷроиияи маҳалии ҳокимитяи давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастуру супориши раиси вилояти Хатлон бунёди беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 10 адади он ба истифода дода шудаанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон майдончаи бозии футбол, ки аз ҷониби Федератсияи фудболи кишвар бунёд гардида буд, мавриди истифода қарор дода шудааст. Қайд гардид, ки ҳамзамон имрӯз як майдончаи варзишӣ, майдонча барои бозии кӯдакон ва роҳаткурсиҳо барои сокинони шаҳр аз аз ҷониби Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида буд, мавриди истифода қарор гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь