Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ ва ташкилоту идораҳои шаҳр оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар чорабинӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки бояд ҳар як ҷавони ватандуст баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамон саривақт ба комисариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри адои хизмат ба ватан омода шавад. Зеро ҳимояи марзу буми Ватани азизамон қарзи ҳар як ҷавонмард аст.
Бояд гуфт, ки шаҳри Бохтар соли дуюм аст, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи аввал иҷро намуда, роҳбарияти шаҳр азим дорад, ки даъвати баҳории ҷавононро низ дар оянда аз мӯҳлат иҷро намояд.

Бохтар: Даъвати баҳориро пеш аз мӯҳлат иҷро мекунем!
Блоки рекламавӣ


