Бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон бо дасгирии мақомоти маҳаллии шаҳр ва соҳибкорону сокинони ин маҳала 1,2 км роҳ пурра асфалтпӯш гардид. Ҳамзамон як куча пурра чароғон карда шуд.
Аз МИМҲД-И шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки роҳ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи Нақшаи корҳои ободонию бунёдкориҳои бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир карда шуд.
Раиси шаҳр бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорон шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба ватан номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь