Дар доираи дасту супоришҳои Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, баҳри ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи калони муассисаи давлатии таълимию томактабии рақами 16-и ” Кабутар”-и шаҳри Бохтар, ки беш аз 30 сол боз таъмирталаб ва аз истифода берун буд, пурра бозсозӣ карда мешавад.
Алакай корҳои таъмир дар ин муассиса оғоз шуда, дар назар аст, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шавад. Раиси шаҳр аз вазъи ин кӯдакистон дидан карда, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмони он дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Масъулин гуфтанд, ки баъди ба истифода додани ин гурӯҳ барои 30 кӯдак боз шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад.
Дар ин баробар нуқтаи партовпартоии назди муассисаи мазкур, ки ба талабот чавобгу набуд, бо дастури раиси шаҳр ба ҷойи мутобиқ кӯчонида шуда, пурра азнавсозӣ гардид, ки ин дар тозагии шаҳр ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард.
Кормандони кӯдакистони мазкур ва сокинони атрофи муассиса аз ин таваҷҷӯҳу ғасхории пайвастаи раиси шаҳр ба соҳаи маориф ва барои боз ҳам фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия барои хурдсолон ва ба ҷойи мутобиқ кӯчонидани нуқтаи партов ба изҳори миннатдорӣ карданд.
Бояд гуфт, ки раиси шаҳри Бохтар ба ин монанд, ду вайронаеро, ки дар кӯдакистони рақами 7 шаҳри Бохтар буд пурра аз таъмир баровард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь