Аз ҷониби бостоншиносони кишвар дар “Теппаи Қӯрғон” ковишҳои бостоншиносӣ оғоз шуда, ду сикаи мисин ёфт шудааст. Дар ин бора Аҳлиддин Саиднуриддинзода, муовини Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ додааст.
Ӯ гуфт зимни ковишҳои бостоншиносӣ ду сикаи мисини асрҳои XV-XVI ва дигар марбут ба асрҳои XVI- XVII тааллуқ дошта ёфт шуданд. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар “Теппаи қӯрғон” аз 12 август оғоз гардида то 17 августи соли 2025 идома меёбад. Теппаи Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, бо сабабаи садамавӣ буданаш, ҳоло дарҳои худро бастааст. Ёдовар мешавем, ки “Теппаи Қӯрғон” муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.



