Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар масъулони МИҲД-и шаҳр талош доранд, бо таъмири роҳҳои харобгашта ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.
Сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар Юсуфзода Бузургмеҳр гуфт, ки дар мувозинаи муассисаи онҳо 133,3 километр роҳ вобаста шудааст.
Ӯ гуфт, ки дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар корҳои мумфаршкунии роҳи дохилии маҳалла бо муваффақият анҷом ёфтанд. Дар натиҷа 1,5 километр роҳ пурра мумфарш гардида, шароити рафтуомади сокинон ва ҳаракати нақлиёт ба таври назаррас беҳтар шуд.
Номбурда афзуд, ки чанде пеш дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон бо дасгирии мақомоти маҳаллии шаҳр ва соҳибкорону сокинони ин маҳала 1,2 км роҳ пурра асфалтпӯш гардид. Ҳамзамон як кӯча пурра чароғон карда шуд.
Ҳамзамон ӯ афзуд, ки зиёда аз як километр роҳи дохилишаҳрӣ пурра бозсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои муосири роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуд.
Масъулин мақсад дорад, ки марҳила ба марҳила тамоми роҳҳои фарсудаи дохилишаҳриро бозсозӣ намуда, сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва шароити зиндагии сокинонро боз ҳам беҳтар созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь