Айни замон дар гармхонаҳои Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар 125 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва қаламчаи садбарг парвариш шуда истодааст.
Изатзода Сайфулло, роҳбари Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар гуфт, ки аз 125 ҳазор гулҳое, ки айни замон дар гармхонаҳои корхона парвариш шуда истодаанд, 100 ҳазораш гулҳои мавсимӣ ва 25 ҳазораш қаламчаи садбарг мебошад.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаи онҳо 895 дона дарахтони нодиру ҳамешасабз ва сояафкан барои сабзу хуррам гардонидани ҳифзи муҳити зист шининида шудааст, ки аз он дарахти Дуб 237 бех, Акатсия 90 бех, Сафедор 62 бех ва дарахтони ҳамешасабзӣ мажавеленик ва сузанбарг 606 бех шинонида шудааст. Дар ин давра 7950 бех садбарг, ва 24000 ҳазор бех лигустраҳо дар кучаву хиёбонҳои шаҳр шинонида шудааст, ки ҳоло нашъунамои онҳо хуб доранд.
Дар Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар 67 воҳиди корӣ мебошад, ки айни замон 54 нафар кору фаъолият дорад. Ин корхона дорои 3 техника, 6,3 гектар замин, ки аз он 2 гектараш дар дохили корхона буда, дар қисмати ин заминҳо 5 гармхонаи доимамалкунанда ташкил карда шудааст, ки дар ҳама фаслҳои сол дар онҳо гул парвариш карда мешавад,-илова кард Изатзода Сайфулло.

Бохтар: Беш аз 120 ҳазор гул парвариш шуда истодааст
Блоки рекламавӣ


