Дар таътили тобистонаи имсола ҳукумати шаҳри Бохтар ва шуъбаи маорифи шаҳр нақша доранд, ки 11 ҳазору 120 хонандаи муассисаҳои таълимиву томактабиро ба истроҳатгоҳҳои беруназшаҳриву наздимактабӣ фаро гиранд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, аз 11 ҳазору 120 хонандаи мактабу кӯдакистонҳои шаҳр 490 нафарашон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ҷалб мешаванд. Ӯ қайд кард, ки ҳамзамон дар назди муассисаҳои томактабӣ 4500 нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1010 нафар, варзишӣ-беҳдоштӣ 750 нафар, фароғатӣ- таълимӣ 4200 нафар ва меҳнатӣ-истироҳатӣ 170 нафар ҷалб шудаанд. Ҳамзамон Шоиста Абдуназарзода қайд кард, ҳоло кӯшиш доранд, ки дар назди ҳама муассисаҳои таълимӣ ва кудакистонҳо истироҳатгоҳҳоро бо тамоми шароит омода кунанд, то хонандагон дар таътили тобистона беҳудагардӣ накунанду дар истироҳатгоҳҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Гулноза Сармисоқова, мудири муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 16-и “Кабӯтар”-и шаҳри Бохтар, гуфтаҳои мудири шуъбаи маорифи шаҳро тасдиқ карда, афзуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бохтар ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои томактабӣ тамоми чораҳоро андешида, барои кӯдакон ҳама шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то кӯдакон хуб ба истироҳату фароғат ҷалб карда шаванд. Ӯ қайд кард, ки дар кӯдакистон барои кӯдакон ҳавзи шиноварӣ, роҳаткурсиҳо ташкил карда шуда, бозиҳои варзишӣ шашка, велоспедронӣ, давидан, расмкашӣ ва дигар бозиҳои миллӣ ташкил карда шудаанд.