Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид имрӯз дар маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар ба беш аз 40 нафар хонандагоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, “Планшет” тӯҳфа кард.
Дар ин чорабинӣ ҳамзамон ба як қатор омӯзгорони фаъол сипосномаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.
Ҳамзамон дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод сипоснома барои дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби шаҳрдор ва як қатор кормандони соҳаи маориф бо сипоснома ва дигар тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Блоки рекламавӣ



