Дар муассисаи давлатии таълимию томактабии рақами 16-и ” Кабутар”-и шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бохтар, Наргис Қурбонзода, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва дигар кормандони маориф иштирок доштанд.
Муовини раиси шаҳр зимни суханронит худ қайд кард, ки Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид. Дар ин муддат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргун гардида, рушд намудаанд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф пешравиҳои назаррас ба миён омад. Ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста дар зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат соҳаи маорифро «омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд.
Асосӣ Хабари рӯз Бохтар: Ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд

Бохтар: Ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд
Блоки рекламавӣ


