Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазъияти тантанавӣ ҳафт адад техникаи соҳаи коммуналиро ҳамчун тӯҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини шаҳри Бохтар тақдим намуд.
Иқдоми мазкур дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар сурат гирифта, ба тақвияти корҳо дар самти тозагии муҳити зист, тозаю озода намудани шаҳр ва беҳдоштӣ вазъи инфрасохтор нигаронида шудааст.
Блоки рекламавӣ



