Донишомӯзони боистеъдоди шаҳри Бохтар дар Олимпиадаи байналмилалии “Архимед” иштирок карда, соҳиби 6 нишон шуданд.
Аз шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаи байналмилалии “Архимед”, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, бо нишон додани дониш, маҳорати баланди илмӣ ва рӯҳи ватандӯстӣ, бо ғолибият ба Ватан баргаштанд. Гуфта шуд, ки онҳо 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм ва як ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар маросими пазироӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омӯзгорон ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Ғолибонро бо гулдастаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва суханони табрикӣ истиқбол гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки хонадагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар имсол аз озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ беш аз 150 медал ба даст овардаанд.