Аз ҷониби кормандони бахши дин, танзими ҷашну маросими шаҳри Бохтар дар 6 моҳи имсол 5 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шуда,  4 ҳолати он ба маблағи 19 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шуда, 1 ҳолати дигар дар баррасӣ қарор дорад.

Мудири ин бахш Манучеҳр Қодиров гуфт, аз 5 ҳолати қонуншиканӣ ду ҳолаташ таҷлили зодрӯз мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра дар шаҳри Бохтар 500 тӯйи арӯсӣ баргузор гаштааст, ки дар онҳо 45 чорвои хурд, 12 тоннаву  500 кг гӯшти харида сарф шудааст. Дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2024-ум 97 тӯйи арӯсӣ зиёд мебошад. Хароҷоти умумии ин тӯйҳо 3 миллиону 740 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Номбурда илова кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 18 маросими азодорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь