Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар Олимпиадаи байналмилалии AMC-2025 аз фанни математика соҳиби 43 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз он 16 медали тилло мебошад.
Аз Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки толибилмони болаёқати шаҳри Бохтар дар Олимпиадаи байналмилалии AMC (American Mathematics Competition) аз фанни математика баргузор гардид соҳиби 16 медали тилло, 22 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд.
Ин дастовард натиҷаи бевоситаи кору заҳмати омӯзгорони соҳа, омодагии ҷиддии хонандагон ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти маорифи шаҳр мебошад.
Роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ва кулли маорифчиён бо ифтихор ин пирӯзиро ба ҷомеаи омӯзгорӣ, волидон ва шогирдони фаъол табрик мегӯянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь