Аз соли 2022 то инҷониб дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар 220 адад бинову иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси 400 ҷойи навӣ корӣ бунёд гардида, айни замон дар 80 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.
Раҳмидин Ятимов, сармутахасиси шуъбаи сохтмон ва меъмории МИМҲД-и шаҳри Бохтар ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар бунёди 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
“Аз ин иншоот 101 ададаш биноҳои баландошиёнаи истиқоматӣ, 16 корхонаи саноатӣ, 15 иншоот соҳаи маориф, 43 адад марказҳои савдо, 87 адад кақлиёт ва коммуналӣ, 3 адад фарҳанг, 4 адад варзиш ва 31 иншоот дар дигар соҳаҳо мебошад”, – илова кард ӯ.
Номбурда қайд кард, ки танҳо дар соли 2025 бунёди 62 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 43 ададаш бо таъсиси 115 ҷойи нави корӣ сохта шуда, моҳҳои наздик боз 18 иншооти дигар ба истифода дода мешавад.
Раҳмидин Ятимов, афзуд, ки ҳамзамон дар назди бинои баланошиёна бунёди 32 адад майдончаҳои бозии кӯдакон ва варзишӣ ба нақша гирифта шуда, аз онҳо то имруз 8 ададаш бунёд гардидаа, дар боқимонда сохтмон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь