Хонандагони синфи 11-и шаҳри Бохтар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, сазовори 13 медал шуданд, ки аз он 2 ададаш тилло мебошад. Ин дастовардро хонандагони Литсеи давлатии “Ориёно”, Литсеи рақами 1 ва мактаби 11-шаҳри Бохтар соҳиб шуданд.
Аз Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба “Фараҳ” иттилоъ доданд, ки дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон миёни синфҳои 11, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар фаъолона ширкат карда, бо нишон додани маҳорати баланд сазовори 13 ҷой аз ҷумла 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.
Шумораи медалҳо нисбати соли гузашта 5 адад зиёд гардидааст, аз ҷумла ду медали тилло бештар ба даст оварда шудааст.
Ин дастовард нишонаи сатҳи баланди донишу малакаи хонандагон, заҳмати омӯзгорон ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар мебошад.

Бохтар: 13 медали хонандагон дар як олимпиада
Блоки рекламавӣ


