Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, рӯзи 25-уми июл дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки “нақшаи муфассал” мешавад, аммо ҷузъиёти бештар надод. Дар ҳошияи ин нишасти хабарӣ, як масъули идораи сохтмонии шаҳри Душанбе гуфтааст, Боғи ҳайвонотро ба наздикии шаҳри Ҳисор мекӯчонанд.
“Нақшаи нави Боғи ҳайвонот дар марҳилаи тасдиқ аст. Баъди тасдиқи лоиҳа сохтмони Боғи нави ҳайвонот оғоз мешавад. Ин иншоот 5 километр дуртар аз пойтахт ва дар наздикии шаҳри Ҳисор сохта мешавад,”- афзудааст масъули идораи сохтмони Душанбе.
Боғи ҳайвоноти Душанбе дар солҳои шастуми асри гузашта сохта шуд. Масоҳати он ҳудуди 5 гектарро ташкил медиҳад ва бештар аз 1000 ҷонварро дар онҷо нигаҳ медоранд.
Блоки рекламавӣ