Камолзода Ғаниҷон, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 17-уми декабри соли ҷорӣ, дар ҳолати мастӣ, бо шаҳрванд Сафаров Абдусамад муноқиша намуда, бо истифода аз корд як маротиба ба қисмати қафаси синаи номбурда зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Айни замон, Сафаров А., бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда Камолзода Ғ., бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ ва оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь