Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 48-солаи сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд муроҷиат намуд.
Моҳи марти соли 2025, мардони 42 ва 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “RANG ROVER SPORT 3/0 TD”, соли бароришаш 2024-умро ба арзишиши 87 ҳазор доллари амрикоӣ ғайринақдӣ гирифта, ваъда додаанд, ки маблғашро дар мӯҳлати 45 шабонарӯз бармегардонанд, аммо аз ин маблағ 30 ҳазор доллари амрикоиро баргардониданду боқимонда маблағ, 57 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидаанд. Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ