Холиқов Некрӯз, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шахсе, ки ҳанӯз ба синни 14-солагӣ нарасидааст, гумонбар дониста мешавад. Кирдорҳои ҷиноятии номбурда аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ошкор карда шуданд.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда аз соли 2025 инҷониб бо ноболиғ Ш.М. робита барқарор намуда, нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Холиқов Н. аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Бо назардошти ин, аз волидайни наврасон даъват карда мешавад, ки фарзандони худро бе назорат нагузошта, нисбат ба таълиму тарбияи онҳо масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь