Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Тағоймуродзода Сироҷиддин, сокини 22-солаи ноҳияи Ёвон дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда 19-уми феврали соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дукони хӯрокҳои тезтайёр, ки ба як сокини пойтахт тааллуқ дорад ва дар кӯчаи Мехкалон воқеъ мебошад, маблағи пулӣ ба миқдори 20 ҳазору 740 сомониро тасарруф намудааст.
Вобаста ба кирдори ҷиноятии Тағоймуродзода С., тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Блоки рекламавӣ



