Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.
Аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони «Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад» доир шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь