25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Дар бинои қисми ҳарбии 3503 ҳуҷраҳои кории афсарон бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқаи дохилӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои нигоҳ доштани солимии ҳайати шахсӣ ва обутоби бадан дар масоҳати 350 метри мураббаъ толори муосири варзишӣ низ бунёд ёфтааст
Дар ин қисми низомӣ анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 100 тонна муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он маҳсулоти хурокаи сарбозон, захира ва нигаҳдорӣ карда мешавад.
Блоки рекламавӣ



