25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонии хобгоҳ аз соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад ва барои 460 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар иншоот барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии муосир, аз ҷумла утоқҳои барҳавои хоб, толорҳои мутолиа, китобхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон фароҳам оварда шудааст.
Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 рахти хоб хоҳад буд, санги асос гузошта шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь