Нархи чиптаи ҳавопаймои Душанбе-Санкт-Петербург (мустақим) 4700 сомонӣ (ширкати “Сомонэйр ва ширкатҳои русӣ). Қимати чиптаҳои Душанбе-Тошканд-Санкт Петербург 2700 сомонӣ (бо тайёраҳои Ӯзбекистон). Фарқият 2000 сомонӣ. Чаро фарқият ин қадар баланд бошад? – навиштааст рӯзноманигор Холиқназар Ҷумъаев.
Ба қавли вай меҳмонашро тариқи Тошканд гусел кардаю фарқияти нархро дар он ҷой мушоҳида кардааст. Пештар аз ин сафири Туркия дар Тоҷикистон ҳам дар мавриди баланд будани нархи маводи сӯхт дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд. Умут Аҷар, сафири Туркия бистуми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишта буд, ки ширкати “Туркиш эйрлайнз” як тонна сӯзишвориро дар фурудгоҳи Душанбе 1780 доллар мехарад. Ба гуфтаи Умур Аҷар, ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр” барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Истанбул ҳамагӣ 930 доллар мепардозад.