ИА аз Трамп интизори таҳримҳои нав алайҳи Руссия нест
“Раҳбарони Аврупо шубҳа доранд, ки Президенти Амрико Доналд Трамп таҳримҳои иловагии зидди Руссияро дастгирӣ хоҳад кард”, – менависад рӯзномаи олмонии Bild бо истинод ба манбаъҳо.
“Ҷониби Аврупо интизор нест, ки Трамп ба таҳримҳо алайҳи Русия розӣ шавад”- омадааст дар хабар. Гуфта мешавад, ки гуфтугӯи телефонӣ байни раиси кохи Сафед ва раҳбарони Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.
Рӯзи панҷшанбе вохӯрии ба истилоҳ эътилофи “хоҳишмандон” дар шакли таҳти раёсати сарвазири Бритониё Кир Стармер ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон доир гардид. Дар он Владимир Зеленский низ ҳузур дошт. Раҳбари Амрико ба онҳо тавассути тамоси видеоӣ ҳамроҳ шуд. Тибқи иттилои нашрия, фиристодаи махсуси Трамп, – Стивен Уиткофф роҳбарони Аврупоро дар хариди нафти Руссия тавассути Ҳиндустон айбдор кардааст. Вақтҳои охир муносибати Ҳиндустон ва Амрико дар пасманзари талаботи Вашингтон барои қатъ кардани ҳамкорӣ бо Маскав дар соҳаи энергетика, бад шуданд.
Дар охири моҳи июл Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки барои воридот аз Ҳиндустон 25 дарсад боҷ ҷорӣ мекунад. Вай ба тарифҳои баланди Деҳлии Нав, монеаҳои тиҷоратӣ ва “ҳамкорӣ бо Русия”ишора кард. Вай изҳор дошт, ки кишвар бояд барои амалҳои дар боло зикршуда, ҷарима пардохт намояд. Тариф 7 август эътибор пайдо кард. Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш Трамп фармони ҷорӣ кардани боҷи иловагиро дар ҳаҷми 25 фоиз барои воридот аз Ҳиндустон барои харидории нафти Руссия имзо кард. Ин таҳримҳо аз 27 август эътибор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь