Би-Би-Си аз Президенти ИМА Доналд Трамп барои пахши парокандаи суханронии ӯ узр пурсид, аммо дархости ӯро барои ҷуброн рад кард. Созмон инчунин изҳор дошт, ки дигар филми ҳуҷҷатиро пахш намекунад ва инчунин изҳороти бетарафии ВАО-ро қатъиян рад кард.
Вакилони Доналд Трамп таҳдид карданд, ки БИ-БИ-СИ – ро ба додгоҳ кашида, як миллиард доллар ҷубронпулӣ талаб мекунанд, агар расонаҳо фавран “раддияи пурра ва одилона” – ро нашр накунанд, “узри расмӣ” надиҳанд ва ба Президент Трамп дар шакли мувофиқ “ҷубронпулӣ” надиҳанд.
“Адвокатҳо ин номаро дар посух ба номае, ки рӯзи якшанбе аз дастаи ҳуқуқии Президент Трамп гирифтаанд, навиштаанд” гуфт сухангӯи БИ – БИ-СИ.
Раиси шӯрои ваколатдори БИ- БИ – СИ Самиршоҳ ба Кохи Сафед номаи алоҳидаи шахсӣ фиристода, ба Президенти Амрико Доналд Трамп фаҳмонид, ки ӯ ва созмонаш аз тарзи суханронии Трамп дар 6 январи соли 2021, ки дар барномаи panorama пахш шудааст, пушаймонанд.
Би-би-си нақша надорад, ки филми ҳуҷҷатии “Трамп” – ро аз нав нашр кунад.

БИ-БИ-СИ аз Трамп узр пурсид, вале ҷаримаро доданӣ нест
Блоки рекламавӣ


