Бежан Абдуллоев, намояндаи ҷавону умедбахши варзиши автомобилронии Тоҷикистон, дар финали Чемпионати Чин оид ба автогонкаҳои CRKC–2025 унвони чемпиониро ба даст овард.
Марҳилаи ҳалкунандаи мусобиқа 7 декабр дар шаҳри Ҳанчжоу баргузор шуд. Дар гурӯҳи GP MAX KZ2 Абдуллоев аз аввал то анҷом бартарии худро нигоҳ дошта, бо иҷрои комилан бидуни иштибоҳ 12 давр (57,3км)-ро дар 11 дақиқаву 33 сония тай намуд.
Бояд гуфт, ки ронандаи тоҷик бо фосилаи 2 сония рақиби асосии худ – варзишгари чинӣ Чжоу Гуанюеро қафо гузошта, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дар тӯли чемпионат Абдуллоев чандин маротиба нишон дод, ки омодагии ҷисмониву тактикии ӯ дар сатҳи олӣ буда, собитқадамона роҳи худро то ба марҳилаи ниҳоӣ ҳамвор намуд.
Гуфтан зарур аст, ки ин пирӯзӣ барои варзиши автомобилронии Тоҷикистон дастоварди муҳим ба ҳисоб рафта, нишон медиҳад, ки варзишгарони тоҷик метавонанд дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ низ бо рақибони қавӣ рақобат намоянд.
Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ, “ҶТ”

Бежан Абдуллоев чемпиони Чин
Блоки рекламавӣ


