Аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Хатлон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 554 ҳазору 498 сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ дидан карданд, ки аз онҳо 508 ҳазору 528 нафарашон сайёҳи дохилӣ ва 45 ҳазору 970 нафарашон сайёҳи хориҷӣ мебошанд, гуфтанд дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон.
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди вилоят 940 ёдгорию мавзеи таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ монументалӣ 120 меҳмонхона, 143 мавзеи сайёҳӣ, 252 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 20 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасониҳоӣ бонкӣ, 69 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт ва 26 маркази сайёҳӣ иттилоотӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Блоки рекламавӣ



