Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар дониста шудаанд. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
“Аз ин ҳисоб, тасарруфи 961 миллион сомонӣ ба худи Исматулло Абдуллозода рост меояд,” – афзуд ӯ. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Исматулло Абдуллозода дар истифодаи нодурусти тақрибан панҷсад миллион сомонӣ айбдор мешавад.
Ба иттилои Сулаймон Султонзода, санҷиши Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе дар солҳои 2022-2025 сурат гирифтааст.
“Ахбор барои афкор”
Блоки рекламавӣ