5-уми сентябри соли 2025, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ аз Беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 боздид ба амал овард.
Айни ҳол дар ин муассисаи тандурустӣ таъмири куллӣ идома дошта, ин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкорӣ бо Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии ин ташаббус — таъмини шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз ҳама имконияту захираҳо барои беҳтар кардани вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва таъмини шаҳрвандон бо хизматрасониҳои босифати тиббӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи боздид Равшан Раҳимзода ба масъулини иҷрои корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз онҳо тақозо намуд, ки таъмир бо сифати баланд, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад.
Ҳамзамон, ба ҳайати кормандони Беморхона супориш дода шуд, ки аз шароити муҳайёшуда истифодаи самаранок бурда, ба мардум бо сифати беҳтару сатҳи баланди касбӣ хизмат расонанд. Дар ин маврид Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Беморхонаи шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ тармим шуд
Блоки рекламавӣ


