18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд пардаро аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов” бардоштанд.
Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст.
Бинои беморхонаи нав дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб мебошад.
Ба истифодадиҳии бинои нав шуъбаҳои беморхонаи клиникии рақами 1-шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид.
Дар баробари шуъбаҳои навтаъсис дар бинои нав толори барҳаво барои гузаронидани ҷаласа ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона бо шароити хизматрасонии хуб омода гардид.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави беморхонаи клиникии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд 200 корманди соҳа бо кор таъмин гардиданд, ки дар маҷмуъ бо кормандони биноҳои қаблан фаъолияткунанда 900 кормандро ташкил дод.
Дар шуъбаҳои навтаъсиси қабул, эҳё ва наҷот, ҷарроҳиҳои фаврӣ, асаб, урологӣ, амрози занона, осебшиносӣ ва ортопедия шароит ва усулҳои нави табобат роҳандозӣ карда шудааст.
Муассисаи тиббии мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа, аз ҷумла томографияи рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии дил, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда ва дигар намуди дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳҳои озмоишии истеҳсоли кишварҳои Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шуд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази саломатии шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 16 ҳуҷраи корӣ буда, дар он шароит ва дастгоҳу таҷҳизоти ташхису табобат таъмин гардидааст. Баробари ба истифода додани Маркази саломатии мазкур 50 сокини ноҳия бо кор таъмин гардид.
Дар маркази саломатии деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, 10 корманди соҳаи тандурустӣ бо кор таъмин гардида, он ба 2 ҳазору 200 аҳолии деҳа хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Беморхонаи клиникии рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд
Блоки рекламавӣ


