Дар доираи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода бо Вазири мудофиаи Федератсияи Русия Андрей Белоусов доир гардид. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд.
Дар оғози суҳбат аз ҳамкории сатҳи баланди вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар, ки аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бар меояд, изҳори назар карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор дода, аз идомаи ҳамкории минбаъда дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сухан ронданд.
Дар идома ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь