Доналд Трамп, Президенти Амрико мегӯяд, ки вай бовар дорад, ки Белорус бисёре аз зиндониёни сиёсиро озод хоҳад кард.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус, дар панҷ соли гузашта дар ин кишвар 8532 тан ба иттиҳомҳои ҷиноӣ бо ангезаҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда, 7299 нафар ҷазо гирифтаанд.
Трамп рӯзи 5 август ба хабарнигорон гуфт, ӯ бовар дорад Белорус шумори зиёде аз 1400 зиндониро озод хоҳад кард ва мумкин аст ин кор дар ояндаи наздик сурат гирад.
Трамп дар ин бора ҷузъияти бештар надод.
Президенти Трамп иттилоъ дод, ки вай рӯзи 15 август фақат чанд соат қабл аз мулоқот бо Владимир Путин,Президенти Русия дар Аляска, бо Президенти Белорус телефонӣ тамос гирифтааст. Лукашенко бо Путин робитаҳои наздик доранд.
Трамп он замон дар расонаҳои иҷтимоӣ, Лукашенкоро ҳамчун “Президенти бисёр муҳтарам” ситоиш кард ва навишт, ки мавзуи асосии ин гуфтугӯ, озодии зиндониёни сиёсӣ будааст.

Белорус зиндониёни сиёсиро озод мекунад?
Блоки рекламавӣ


