-Дар чанд соли ахир Беларус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд, гуфтааст сафири Беларус дар Душанбе Виктор Денисенко ба РИА Новости.
“Дар чанд соли ахир миёни Беларус ва Тоҷикистон дар ҳамкориҳои саноатӣ пешравиҳои назаррас мушоҳида мешавад. Бо мусоидати мутахассисони белорусӣ корхонаи коркарди шири “Ватан”, корхонаи васлкунии лифтҳои белорусӣ “Могилевлифтмаш” ба кор андохта шуд ва дар майдони ҶСК “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли техникаи кишоварзии Беларус ба кор андохта шуд”, – гуфтааст сафир.
Ҳамчунин сафир қайд кардааст, ки ҷониби Беларус ба ҳамкориҳои дарозмуддат бо шарикони тоҷики худ алоқаманд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь