Дар маркази Белград дар лагери тарафдорони Президент тирпарронӣ рух дод. Президенти Сербия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номид.
Як нафар дар натиҷаи тирпарронӣ дар назди бинои парлумони Сербия дар маркази Белград, ки дар он ҷо лагери хаймаҳои ҷонибдорони Президенти кишвар Александр Вучич ҷойгир аст, захмӣ шуд. Дар ин бора нашрияҳои Politika ва Telegraf хабар медиҳанд.
Тирпарронӣ дар боғи байни Парлумон ва дафтари кории Вучич рух дод, ки дар он тарафдорони вай хайма задаанд, то эътирозгаронро аз даромадан ба маҳалли кори Вучич боздоранд. Дар вақти тирпарронӣ ягон эътироз доир нашуд.
Вазири тандурустии Сербия Златибор Лончар гуфт, ки марди мусаллаҳ дар лагери хаймаҳо тирпарронӣ кард ва пас аз он кӯшиш кард, ки хаймаро оташ занад. Марди 57-сола захмӣ ва боздошт шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Президенти Сербия Александр Вучич ин ҳодисаро амали террористӣ номид.

Белград: Тирпарронӣ дар лагери тарафдорони Президент
Блоки рекламавӣ


