“Беларус омода аст дар сохтмони аввалин нерӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон дар сурати дастгирии Тошканд иштирок кунад. Дар ин бора вазири энергетикаи Беларус Денис Мороз 5 август дар Минск дар мулоқот бо ҳайати Агентии энергияи ҳастаии “Узатом” таҳти роҳбарии директор Азим Аҳмадхоҷаев изҳор дошт”, – хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати Энергетикаи Беларус.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди энергетикаи ҳастаӣ, аз ҷумла ташкили инфрасохтор, тайер кардани кадрҳо, муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ҳамгироии нерӯгоҳи атомӣ ба системаи энергетикии Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Мороз аз қарори Узбекистон барои ҷорӣ кардани истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ изҳори дастгирӣ кард ва омодагии Беларусро барои мубодилаи таҷриба қайд кард.
“Намояндагони “Узатом” бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Беларус омаданд”- хабар доданд дар хадамоти матбуотии Агентӣ. Дар назди онҳо вазифа гузошта шудааст, ки таҷрибаи белорусҳоро дар сохтмон ва истифодаи Нерӯгоҳи атомӣ ва имконияти истифодаи он ҳангоми сохтмони аввалин нерӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон ҳамаҷониба омӯзанд.
Кишвари мо аввалин Нерӯгоҳи Барқии Атомии Белорусро бо иқтидори умумии 2400 мегаватт дар соли 2023 ба истифода дод. Тақрибан 40% тамоми нерӯи барқи дар кишвар истеъмолшаванда дар ин неругоҳи атомӣ истеҳсол карда мешавад” – хабар додааст Мороз.
Дар навбати Худ, Азим Аҳмадҳоҷаев қайд кардааст, ки таҷрибаи Беларус дар татбиқ ва ҳамгироии нерӯгоҳи атомӣ яке аз пешрафтатарин ва муваффақтарин дар ин соҳа мебошад:
“Мо барои пайдо кардани нуқтаҳои тамос, рушди ҳамкорӣ ва даъват кардани ҳамкорони беларусӣ барои иштирок дар лоиҳаи мо дурнамоии хуб дорем” – гуфтааст Аҳмадхоҷаев.
Лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон аз ҷониби корпорасияи русии “Росатом”оғоз ефта буд. 27 майи соли 2024 дар Тошканд дар ҷараёни сафари давлатии президенти Руссия Владимир Путин барои лоиҳакашӣ, таҳвил ва сохтмони истгоҳи атомии қувваи кам, ки аз шаш реактори 55 мвт иборат аст, шартнома ба имзо расида буд. Сохтмони он дар наздикии кӯли Тузкан, дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ба нақша гирифта шудааст. Фармоишгари генералӣ ҶДММ “Атомстройэкспорт” мебошад ва ширкатҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Моҳи марти соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки рехтани бетони аввал барои бунёди аввалин нерӯгоҳи атомӣ ба нақша гирифта шудааст.
Денис Мороз,
хабарнигори Хадамоти матбуотии “Узатом”