Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои пойтахт Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Озмун дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуда, дар он ғолибон аз рӯи се гурӯҳ (телевизион, радио ва матбуот) муайян карда мешаванд.
Ба озмун намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд.
Блоки рекламавӣ



