Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Беҳрӯз Умаров дар финали бокс (вазни –50 кг) бар рақиби қавии худ Азизбек Шокиржонов аз Ӯзбекистон пирӯз шуд ва аввалин медали тиллоро барои тими миллии мо ба даст овард!
Илова бар ин, варзишгарони дигар низ Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ карда, соҳиби медалҳои зерин шуданд:
Медали нуқра: • Юсуф Замонов (ҷудо, –50 кг)
• Акбарджон Абдуллоев (бокс, –57 кг)
• Азамҷон Ҳасанов (бокс, –48 кг)
Медали биринҷӣ: • Абубакр Хӯдоев (ҷудо, –55 кг)
• Лоик Қудбуддинов (ҷудо, –60 кг)
• Алиризо Баҳромов (гӯштини озод, –80 кг)
• Муҳаммадии Раҷабов (қаиқронӣ бо каноэ, 200 м)
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон то имрӯз дар Бозиҳои ИДМ-2025 18 медал ба даст овардааст:
1 тилло
3 нуқра
14 биринҷӣ
Ба тамоми варзишгарони мо муборакбод гуфта, барояшон барори кор ва муваффақиятҳои нав орзумандам! Абдураҳмон Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь