Оё аз парвариши бедона ва фурӯши гӯшту тухми он даромади хуб гирифта мешавад? Ба ин савол раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Бобоқулови деҳаи Ваҳдати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент Абдураззоқ Соатов бо боварӣ ҷавоби мусбат медиҳад ва онро кори фоидаовар меҳисобад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз фермаи хурди парвариши бедона ва мурғи хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент иттилоъ дода шуд, ҳоло ин ҷо 830 сар бедона, 50 сар се зоти мурғ парварш карда мешавад.
Гӯшт ва тухми бедона маҳсулоти парҳезии серғизо маҳсуб шуда, он бо фармоиши мизоҷон ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар хоҷагии деҳқонӣ ҳамчунин 20 сар гов, 50 сар гӯсфанд ва 40 сар буз низ парвариш карда, хуроки онҳо қисман аз 67 гектар замини обӣ ва 200 гектар чарогоҳи хоҷагии деҳқонӣ истеҳсол мегарданд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин бо фаъолияти фермаи хурди молдории сокини деҳаи Хуррамобод Зафар Забуров, ки 10 сар чорвои зотӣ ва 50 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ парвариш карда мешавад, шинос гардид.
Ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои зиёд намудани саршумори бедона, мурғ ва дигар намуди чорво дастур дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь